МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАРТИН МАРМИ
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Муншии умумии Иттифоқи байналхалқии нақлиёти автомобил Мартин Марми мулоқот кард. М.Марми дар фарҷоми мулоқот ба Президенти Тоҷикистон ордени ифтихории иттифоқи байналмилалии нақлиёти автомобил «Барои саҳми калон дар рушди нақлиёт ва ҳамлу нақли байналхалқии мол» — ро супорид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муншии умумии иттифоқи байналхалқии нақлиёти автомобил М.Марми баъди анҷоми мулоқоташон ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд. Мартин Марми изҳор намуд, ки зимни сӯҳбат бо президент масъалаҳои рушди тиҷорат ва сохтмони роҳҳои мошингард мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин дар байни Тоҷикистон ва иттифоқи мазкур меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷат барои рушди ҳамкории дуҷониба иқдоми муҳим мебошад. Ҳадафи дигари меморандум осонтар сохтани ҷараёни ҳамлу нақли мол, гузаронидани мол аз сарҳади давлатҳои дигар, бартараф сохтани монеаҳои сунии тиҷорат дар байни мамлакатҳо ва ғайра мебошад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки солҳои охир барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли мол дар сарҳадҳо 40 фоизи вақти интиқолдиҳандагони мол беҳуда сарф мешавад. Ин ҷараёни рушди ҳамкории тиҷоратиро суст мегардонад. Зимни мулоқот тадбирҳои ривоҷ додани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои минтақа, аз чумла, Афғонистон ва Чин муҳокима шуданд. Миёнаҳои моҳи октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба масъалаҳои транзити мол ба Афғонистон конфронси минтаӣ гузаронида мешавад. Инчунин масъалаи соли оянда дар Душанбе гузаронидани конфронси намояндагони мамлакатҳои минтақа дар масъалаи вусъат додани тиҷорати байналхалқӣ ба воситаи нақлиёт муҳокима карда шуд. Мамлакати Шумо барои гузаронидани конфронси мазкур тасодуфан интихоб нашудааст. Зеро Тоҷикистон дар бобати ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба тиҷорати байналхалқии мол дар байни мамлакатҳои минтақа аз ҳар ҷиҳат намуна мебошад, гуфт Мартин Марми.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






