МУНШИИ НАВИ ШӮРОИ АВРУПО
Страсбург, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар» -itar-tass.com). – 29 сентябр дар маҷлиси тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо муншии нави генералии он интихоб шуд. Ӯ сарвазири собиқи Норвегия Турберн Ягланд мебошад. Хабар дода мешавад, ки Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ба ин вазифа номзадии ду нафар – сарвазирони собиқи Лаҳистон ва Норвегия Влодзимеж Чимошевич ва Турберн Ягландро пешбарӣ карда буд. Ба тарафдории Т.Ягланд 245 нафар овоз дод. Турберн Ягланд 1 октябри соли 2009 ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ менамояд. Вай дар ин вазифа сарвазири собиқи Британияи Кабир Терри Девисро иваз менамояд. Ягланд изҳор намуд, ки зимни иҷрои вазифа ба волоияти қонун диққати асосӣ хоҳад дод. Вай зикр намуд, ки Шӯрои Аврупо бояд ба воқеияти замони имрӯза ҷавоб дода тавонад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






