МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗОН ДАР РУСИЯ
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Дар шаҳри Улан – Удэи Ҷумҳурии Бурятистони Федератсияи Русия мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмот давом дорад. Дар он шоҳмотбози машҳури тоҷик Фаррух Амонатов иштирок менамояд. Ӯ баъди 7 қувваозмоӣ бо 4 хол ҷои 15 – умро ишғол мекунад. Ф.Амонатов имрӯз дар даври 8 – уми мусобиқа бо шоҳмотбози Русия Максим Матлаков қувваозмоӣ хоҳад кард. Мусобиқаи мазкур 1 сентябр шурӯъ шуд ва то 14 сентябр давом мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки фонди мукофотҳои мусобиқа 2 миллиону 500 ҳазор рубли Русияро ташкил медиҳад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






