РОССИЯ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН КӮМАК МЕКУНАД

Сентябрь 30, 2009 11:19

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби якуми сафорати Русия дар Тоҷикистон Сергей Киселёв, танҳо дар соли 2009 барои таълим дар мактабҳои олии Русия беш аз 10 ҳазор донишҷӯ қабул карда шудааст. Дар соли 2008 ҳамагӣ 7 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирфта шуда буд, аммо чанд сол пештар шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон дар мактабҳои олии Русия 350 нафар буд.                  -Бо вуҷуди чунин пешрафт, назорати донишҷӯёни болаёқат ҳамеша бояд зери назар қарор бошад,- мегӯяд С. Киселёв.                 Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ояндаи наздик таъсиси як маркази илму фарҳанг дар пойтахт дар назар аст.                   Бо гузашти солҳо муносибати Русия бо ҶТ оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос беҳтар хоҳад шуд, ба ин рақамҳои дар боло овардашуда гувоҳӣ медиҳанд.     

Сентябрь 30, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид