САФАРИ РАСМИИ ПҶТ БА ХОРВАТИЯ
Бегоҳии рӯзи 3 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсул аз шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Хорватия — шаҳри Загреб рафт.Барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия, ки бо даъвати Президенти он Стипе Месич сурат мегирад, субҳи имрӯз бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич истиқбол гирифт. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Хорватия, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатхо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт. Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар, ки асосҳои нахустини он зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон гузошта шуда буд, имрӯз нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ гардид. Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Баҳри идомаи босамар ва густариши робитаҳои гуногунҷанба таъсис додан ва фаъол намудани комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. Мубодилаҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат арзёбӣ гардид. Аз рӯйи натичаҳои мулоқоту гуфтушунид ду санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминагузори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ мебошанд: Эъломияи муштарак дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳоидӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия;Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Хорватия. Мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии сиёсӣ бо изҳороти матбуотии сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Стипе Месич ба поён расид. Роҳбарони ҳарду давлат аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ карда, муносибатҳои Тоҷикистону Хорватияро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд. Дар шаҳри Загреб ҳамчунин мулокотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумон ва Сарвазири Хорватия дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






