ШИРКАТИ ЧИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАИ КИМИЁ МЕСОЗАД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дирӯз, 16 сентябр бо раиси ширкати муҳандисию бинокории Чин Ванг Зе мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар сохтмони иншооти гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси ширкати муҳандисию бинокории Чин изҳор намуд, ки ширкаташ ният дорад дар Тоҷикистон як корхонаи кимиё бунёд созад. Дар ин мавзӯъ имрӯз, 17 сентябр созишнома имзо карда мешавад. Ванг Зе хабар дод, ки ба ноҳияи Ёвон рафта, бо фаъолияти корхонаи кимиёвии он шинос гардида, рафти сохтмони Маркази барқу гармидиҳиро аз назар гузаронидааст. Сарвазири Тоҷикистон пешниҳоди меҳмони чиниро дастгирӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ манфиатдор мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳрабардорӣ аз чунин корхонаҳо имкониятҳои васеъ дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати муҳандисию бинокории Чин дар сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва хусусан корхонаҳои кимиё ва марказҳои барқу гармидиҳӣ таҷрибаи калон дорад.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






