ШИРКАТИ ЧИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАИ КИМИЁ МЕСОЗАД

Сентябрь 17, 2009 09:28

                  Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дирӯз, 16 сентябр бо раиси ширкати муҳандисию бинокории Чин Ванг Зе мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар сохтмони иншооти гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                  Раиси ширкати муҳандисию бинокории Чин изҳор намуд, ки ширкаташ ният дорад дар Тоҷикистон як корхонаи кимиё бунёд созад. Дар ин мавзӯъ имрӯз, 17 сентябр созишнома имзо карда мешавад. Ванг Зе хабар дод, ки ба ноҳияи Ёвон рафта, бо фаъолияти корхонаи кимиёвии он шинос гардида, рафти сохтмони Маркази барқу гармидиҳиро аз назар гузаронидааст.                  Сарвазири Тоҷикистон пешниҳоди меҳмони чиниро дастгирӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ манфиатдор мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳрабардорӣ аз чунин корхонаҳо имкониятҳои васеъ дорад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати муҳандисию бинокории Чин дар сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва хусусан корхонаҳои кимиё ва марказҳои барқу гармидиҳӣ таҷрибаи калон дорад. 

Сентябрь 17, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид