СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Рӯзҳои 5 ва 6 октябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Мероси илмии Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи байни миллатҳо ва фарҳангҳо» симпозиуми байналхалқӣ баргузор мегардад. Ба он бештар аз 500 олиму сиёсатшинос, диншинос, файласуфон, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва сиёсатмадорон даъват шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими кушодашавии симпозиум сухан хоҳад кард. Инчунин ҳамон рӯз суханронии роҳбарони ҳайатҳои намояндагон ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи дуюми симпозиум дар мавзӯъҳои «Мероси Имом Абӯҳанифа ва робитаи он бо рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯзаи ислом», «Мақом ва нақши Абӯҳанифа дар таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ва динии мусулмонон», «Саҳми Абӯҳанифа дар ташкили заминаи ҷомеаи қонунасос дар ҷаҳони ислом» ва «Таносуби имон ва ақл дар низоми арзишҳои ҷаҳонбинии Абӯҳанифа» конфронсҳои илмию назарӣ баргузор мегарданд. Аз рӯи натиҷаи онҳо тавсияҳо ва қатъномаҳо қабул карда хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудааст. Имоми Аъзам арбоби барҷастаи дини ислом буда, фарзанди халқи тоҷик мебошад. Ӯ тамоми сӯраю оятҳои китоби муқаддаси Қуръонро аз ёд медонист ва онро дар давоми як моҳ 30 маротиба қироат мекард. Абӯҳанифа дар давоми умри 70 — солаи худ 55 маротиба маросими ҳаҷро ба ҷо овардааст. Мактаби илоҳиётшиносии Имом Абӯҳанифа бо ҳақиқати воқеӣ, ташвиқу тарғиби сабру таҳаммул. Эҳтироми озодии шахс ва хусусиятҳои миллии ҳамаи халқҳои ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардааст. Имрӯз тақрибан 70 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






