СОКИНОНИ ДУШАНБЕ ОБИ НӮШОКӢ ЗАХИРА НАМОЕД!
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади азнавпайвастсозии қубурҳои оби нӯшокӣ вобаста ба корҳои азнавсозии кӯчаи Мирзо Турсунзода интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури самти кӯчаи М. Турсунзода аз истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ» ва қубури самти кӯчаи мазкур аз истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» муддати як шабонарӯз аз соати 8 субҳи 24 сентябр то 8 субҳи 25 сентябр қатъ карда мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф шудааст, ки барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубурҳои дар боло зикршуда дар самти кӯчаи М. Турсунзода аз истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намояд. Дар робита ба ҷараён гирифтани корҳои таъмир ва васлкунии таҷҳизотҳо дар шоҳқубури самти кӯчаи М.Турсунзода интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои М. Турсунзода, Л. Шералӣ, М.Холов, М. Миршакар, Турдиев, К Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, Меҳнат, Спартак, М. Қурбонов ва Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои М. Турсунзода, гузаргоҳи 1-уми М. Турсунзода, Рӯдакӣ, Беҳзод, Ҳусейнзода, Истаравшон, Мичурина, Дӯстии Халқҳо, Репин ва Бофандаи ноҳияи Шоҳмансур аз соати 8-и субҳи 24 сентябр то соати 8-и субҳи 25 сентябр қатъ карда мешавад. Аз ин рӯ, аз сокинони кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки барои як шабонарӯз миқдори лозимии оби нӯшокиро захира намоянд. Инчунин, раисони 4 ноҳияи пойтахт ва сардори КВД «Обу корези Душанбе» Н.Хайруллоев вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми иҷрои корҳои ба нақша гирифтаашон, сокинони кӯчаҳои номбурдаро тавассути мошинҳои обкашӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






