СОКИНОНИ ДУШАНБЕ ОБИ НӮШОКӢ ЗАХИРА НАМОЕД!

Сентябрь 14, 2009 15:16

                 Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади азнавпайвастсозии қубурҳои оби нӯшокӣ вобаста ба корҳои азнавсозии кӯчаи Мирзо Турсунзода интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури самти кӯчаи М. Турсунзода аз истгоҳи обтозакунии «Худҷореъ» ва қубури самти кӯчаи мазкур аз истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» муддати як шабонарӯз аз соати 8 субҳи 24 сентябр то 8 субҳи 25 сентябр қатъ карда мешавад.                Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф шудааст, ки барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубурҳои дар боло зикршуда дар самти кӯчаи М. Турсунзода аз истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намояд.              Дар робита ба ҷараён гирифтани корҳои таъмир ва васлкунии таҷҳизотҳо дар шоҳқубури самти кӯчаи М.Турсунзода интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои М. Турсунзода, Л. Шералӣ, М.Холов, М. Миршакар, Турдиев, К Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, Меҳнат, Спартак, М. Қурбонов ва Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои М. Турсунзода, гузаргоҳи 1-уми М. Турсунзода, Рӯдакӣ, Беҳзод, Ҳусейнзода, Истаравшон, Мичурина, Дӯстии Халқҳо, Репин ва Бофандаи ноҳияи Шоҳмансур аз соати 8-и субҳи 24 сентябр то соати 8-и субҳи 25 сентябр қатъ карда мешавад. Аз ин рӯ, аз сокинони кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки барои як шабонарӯз миқдори лозимии оби нӯшокиро захира намоянд.               Инчунин, раисони 4 ноҳияи пойтахт ва сардори КВД «Обу корези Душанбе» Н.Хайруллоев вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми иҷрои корҳои ба нақша гирифтаашон, сокинони кӯчаҳои номбурдаро тавассути мошинҳои обкашӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Сентябрь 14, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид