ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲАВОНАВАРДИИ МУЛКӢ ДАР ХУҶАНД

Сентябрь 4, 2009 15:58

                Чкаловск, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). — Дирӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд» ба муносибати 85 — солагии соҳаи ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Онро директори генералии майдони ҳавоии Хуҷанд Маъруф Мирзоев кушод.                  Ҳозиронро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳавонавардии мулкӣ раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов, намояндагони вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ ва дигарон табрик намуданд.               Нотиқон зикр карданд, ки кормандону мутахассисони майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд солҳои охир комёбиҳои калони истеҳсолию иқтисодӣ ба даст меорад. Ғайр аз ин дастгирии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва расондани кӯмак ба мӯҳтоҷон аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти корхона ба шумор меравад. Масалан, чанде пеш мувофиқи даъвати Сарвари давлат бо қувваю маблағи корхона дар ноҳияи Хуросон барои зарардидагони боришҳои тӯлонӣ ду хонаи истиқоматӣ сохта тӯҳфа карда шуд.              Инчунин ба муносибати иди Рамазон, 85 — солагии соҳаи ҳавонавардии мулкӣ ва 18 – солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистон ба хона — интернатҳо, боғчаҳои бачагона ва хонаҳои мӯйсафедон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд.                 Дар фарҷоми ҷамъомад ба коргарони беҳтарин ва собиқадорон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.               Ба шарафи ид дар варзишгоҳи шаҳри Чкаловск мусобиқаҳои варзишӣ ва консерти калони идона ташкил карда шуданд.

Сентябрь 4, 2009 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад