ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЯКДИЛИИ ЖУРНАЛИСТОН

Сентябрь 7, 2009 16:44

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мизи мудаввар, бахшида ба рӯзи байналхалқии якдилии журналистон баргузор мегардад. Ин ҷашнро ҳамасола 8 сентябр ҷашн мегиранд.                Рӯзи байналхалқии якдилии журналистон соли 1958 дар Бухарест дар анҷумани 4-уми байналхалқии журналистон таъсис ёфта буд. Рӯзи байналхалқии журналистон ба муносибати қатли журналисти чех, муборизи фаъоли зиддифашизм Ю. Фучик муқаррар карда шудааст. Ю. Фучик 8 сентябри соли 1943 дар Олмон аз тарафи фашистон ба қатл расонда шуд. Вай сармуҳаррири рӯзномаи чехии «Руде право» буд. Вай дар рӯзномаи худ мақолаҳои бар зидди режими фашистиро ҷой медод, аз ин рӯ ӯро гестапо ба ҳабс гирифта буд. Ю. Фуик аз рӯи китоби худ «Гуфтори пеш аз қатл» шӯҳрат пайдо кард, ки ин китобро ӯ дар зиндон навишта буд. Баъди марги журналист китоби ӯ ба 70 забонҳои ҷаҳон тарҷума шуд. Аз соли 1958 дар рӯзи марги Ю. Фучик рӯзи байналхалқии якдилии журналистон қайд карда мешавад.                  Дар рӯзи байналхалқии журналистон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон барои поси хотири Ю. Фучик конфронсҳо, анҷуманҳо ва дигар маҷлисҳо баргузор мегардад. Дар маросими тантанавӣ журналистони боистеъдодро мукофот дода, ҳамкасбоне, ки дар нуқтаҳои доғ ба ҳалокат расидаанд, ёдовар мешаванд. Котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров зикр намуд, ки дар мизи мудаввари мазкур, ки бахшида ба ин ҷашн баргузор мегардад, муҳаррирҳои нашрияҳо ва ҳамкасбони онҳо масъалаҳои муҳим ва ҳуқуқии ВАО Тоҷикистонро муҳокима мекунанд.

Сентябрь 7, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад