ТАФТИШИ ЗАРАРИ ЗАРБАҲОИ ҲАВОИИ АМРИКО ДАР АФҒОНИСТОН

Сентябрь 5, 2009 11:53

               Кобул, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон нисбати зарбаҳои ҳавоии қисмҳои ҳарбии Амрико ва НАТО дар Афғонистон изҳори ташвиши ҷиддӣ менамояд.                Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта қисмҳои ҳарбии НАТО ба воситаи ҳавопаймоҳо дар деҳаи Умархейл дар наздикии сарҳади Тоҷикистон ду мошини сӯзишвориро ҳадафи зарба қарор доданд, ки онҳоро силоҳбадастони «Толибон» ғанимат гирифта буданд. Дар натиҷаи ин ҳуҷум камаш 90 нафар ҳалок шуд, ки 40 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.               Ба қавли муовини намояндаи махсуси СММ дар Афғонистон Питер Гелбрайт сабабу ҳолатҳои ин ҳуҷум бояд ҳамаҷониба тафтиш карда шавад. Вай қисмҳои ҳарбии Амрико ва НАТО — ро гунаҳкор намуд, ки мавҷудияти сокинони маҳаллиро ба назар нагирифта, маҳалҳои аҳолинишинро ҳадафи хуҷум қарор медиҳанд. 

Сентябрь 5, 2009 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад