ТАРКИШИ МУДҲИШ ДАР ХИЁБОНИ С. ШЕРОЗӢ

Сентябрь 25, 2009 11:52

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи хориҷшавии миқдори зиёди гази табиӣ дар дохили бинои истиқоматии ҳуҷраи рақами 43 воқеъ дар хиёбони С.Шерозии ноҳияи Сино-1, ки ба шаҳрванд Толиб Қурбонов тааллуқ дорад, таркиш ба амал омад.                  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (СРХДО) ВКД Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, ба ҷои ҳодиса РСРХДО ВКД ва гурӯҳи навбатдор бо ду автомашинаи сӯхторхомӯшкунии ноҳияҳои Сино-1 ва Фирдавсӣ фиристода шуданд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонон маълум карда шуд, ки аз таркиши газ ҳуҷраҳои рақами 42, 44, 45, 47 ва 50 низ зарари ҷиддӣ дида аз таъсири фишори гази табиӣ деворҳои байнӣ қисман фурӯ рафта, дару тиреза ва панҷараҳои оҳанини тирезаҳо ба масофаи 100 м партофта шуд.                  Дар натиҷаи андешидани чораҳои тактикии оташнишонӣ бо роҳбарии сардори сарраёсат, оташнишон полковники хизмати дохилӣ Маҳмадсаид Каримов дар як вақт 42 нафар истиқоматкунандаи биноро наҷот дод. Сӯхтор, ки масоҳати 5 метри мураббаъро иҳота карда буд, ба зудӣ хомӯш карда шуд. Дар баробари ин истиқоматкунандаи утоқи 46 Собир Раззоқовро, ки аз дуди ғализ заҳролуд шуда буд фавран ба беморхона фиристоданд.                  Дар ҷои ҳодиса тамоми хадамоту мақомот ҳозир буда, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад, сабаби таркиши газ ва сабабгори ҳодиса муайян карда мешавад.  

Сентябрь 25, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад