ТАРМИМИ КУЛЛИИ РОҲ ДАВОМ ДОРАД

Сентябрь 26, 2009 12:03

                  Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сардори раёсати умумии хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Аловуддин Аноятшоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки қитъаи роҳи мошингарди Ваҳдат – Норак аз километри 46 – ум то километри 60 – ум вобаста ба тармими куллии он муваққатан баста шуд. Воситаҳои нақлиёт дар ин муддат аз роҳи мошингарди деҳаи Чормағзак истифода мебаранд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бонки содироту воридоти Чин моҳи августи соли равон барои тармими куллии роҳи мошингарди Душанбе – Данғара ба Тоҷикистон қарзи имтиёзнок дод. Барои тармими роҳи мазкур 51,6 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд. Аз ин маблағ 49 миллион доллар саҳми Бонки содироту воридоти Чин ва 2,6 миллион доллар саҳми Тоҷикистон мебошад. Қарзи мазкур ба Тоҷикистон барои 20 сол дода шуд. Роҳи мошингарди Душанбе – Данғара, тибқи нақша бояд дар давоми ду сол тармим карда шавад.                   Барномаи тармими роҳи мошингарди Душанбе — Данғара сохтмони туннели «Чормағзак» — ро низ пешбинӣ менамояд, ки дарозии он 4,6 километр мебошад.

Сентябрь 26, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад