«ТВ – 201» ПАХШИ БАРНОМАҲОЯШРО ДАВОМ МЕДИҲАД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). – Канали телевизионии Пойгоҳи низомии 201 – уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пахши барномаҳояшро аз 7 сентябр муваққатан қатъ карда буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар канали телевизионии мазкур чанд рӯз боз тармими техника ва корҳои дигари профилактикӣ давом доранд. Баъди ба охир расидани онҳо, тибқи нақша 11 сентябр пахши барномаҳои канали телевизионии «ТВ -201» аз нав давом дода мешавад. Канали телевизионии мазкур барномаҳои ширкати телевизионии «ОРТ» — и Русияро аз рӯи мавҷи басомади детсиметрӣ дар қаламрави Тоҷикистон пахш менамояд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






