«ВИМПЕЛКОМ» АЗ БОНКИ АМОНАТГУЗОРИИ РУСИЯ ҚАРЗ ГИРИФТ
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» аз Бонки амонатгузории Федератсияи Русия барои пардохти қарзҳои пештара ва вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ ба маблағи 10 миллиард рубл қарз гирифт. Фоидаи солонаи қарз 15 фоизи онро ташкил медиҳад ва бояд дар ду давра пурра баргардонда шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ба ҳайати ширкати «Вимпелком» корхонаю ширкатҳои алоқаи телефонии мобилӣ ва Интернет дохил мешаванд. Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» дар Русия, Қазоқистон, Украина, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Арманистон, Ветнам ва Камбоҷа филиалҳои худро дорад. Филиалҳои ҷамъияти саҳҳомӣ таҳти унвони «Билайн» фаъолият мекунанд. Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» нахустин ширкати Русия мебошад, ки ба узвияти биржаи фондҳои Ню — Йорк қабул гардидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






