ҒАЛАБАИ НАВБАТӢ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба футбол (наврасони то 19 сола), барои гирифтани роҳхат ба Чемпионати Осиё — 2010 дар шаҳри Катманду дар бозиҳои интихоботӣ иштирок дорад. Футболбозони наврас дар ду бозии аввал бо ҳисобҳои калони 4 : 0 ва 3 : 0 дастаҳои яккачини Қирғизистон ва Фаластинро мағлуб карда, дар бозии навбатӣ соҳибони майдон футболбозони кишвари Непалро бо ҳисоби 2 : 1 буриданд. Айни ҳол дастаи футболи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «А» пешсафи мутлақ буда, барои гирифтани яке аз роҳхатҳо ба қисмати ниҳоии Чемпионати Осиё 2010 беҳтарин имкониятро доро мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






