ҚУРБИ ДОЛЛАР БОЗ ПОЁН ФАРОМАД

Октябрь 21, 2009 15:24

                 Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳбадбекова). – Мувофиқи маълумоти фаврии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои байнибонкӣ ва бахшҳои дохилии бонкҳои Тоҷикистон қурби харид ва фурӯши доллари ИМА поён рафт.                 Чунон чӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд қурби 1 доллари ИМА ба 4,3800 – 4,3900 сомонӣ баробар шуд. Қурби рубли Русия ва евро нисбатан боло рафта, 10 рубли Русия бо нархи 1,4620 – 1,4740 сомонӣ ва як евро бо нархи 6,4800 – 6, 4900 сомонӣ мубодила гардид. Ҳаҷми мубодилаи асъори хориҷӣ ва қурби он дар бозорҳои байнибонкӣ ва бахшҳои дохилибонкӣ аз давраи 16 октябр то 20 октябр гувоҳӣ медиҳад, ки шумораи амалиёти бонкӣ бо иштироки доллари ИМА камтар шуда, дар баробари ин амалиёти бонкӣ бо рубли русӣ ва евро фаъол гардид.                  Айни ҳол нархи миёнаи харид ва фурӯши 1 доллари ИМА ба 4,3820 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4860 сомонӣ ва як евро ба 6,5195 сомонӣ баробар шуд.

Октябрь 21, 2009 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад