ҲУКУМАТИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ИСТЕЪФО РАФТ

Октябрь 21, 2009 15:14

                 Бишкек, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — Lenta. ru). – Тавре АКИpress иттилоъ медиҳад 20 октябр ҳамаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба истеъфо рафт. Президенти мамлакат Қурмонбек Боқиев истеъфои Ҳукуматро қабул кард. Дирӯз ҳамчунин дар иҷлосияи Шӯрои сиёсии ҳизби ҳукмрони «Ак жол» номзадии чанд нафар ба мансаби сарвазирӣ муҳокима гардид.                   Шабакаи иттилоотии «24. kg» вобаста ба ин ҳодиса хабар медиҳад, ки истеъфои Ҳукумати Қирғизистон бо ташаббуси президент Қурмонбек Боқиев ба амал омад. Президент бо мақсади ихтисор кардани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва сарфаи маблағҳои буҷавӣ гузаронидани реформаи сохторҳои иҷроияи ҳукуматиро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, вазорати корҳои хориҷӣ аз тобеияти ҳукумат берун шуда, ба ҳайати дастгоҳи президент, ки минбаъд Институти Президент номида хоҳад шуд, ворид мегардад.                   Намояндагони мухолифин ин ислоҳоти президент Қ.Боқиевро на сарфаи маблағ ва ихтисори штатҳо, балки таҳким бахшидан ба ваколатҳои Президент баҳогузорӣ карданд.  

Октябрь 21, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад