212 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Октябрь 13, 2009 09:30

                   Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – «Варзишгарони тоҷик дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба гирифтани 212 медал, аз ҷумла, 52 медали тиллоӣ, 66 медали нуқрагӣ ва 93 медали биринҷӣ муваффақ шуданд. Давоми соли 2008 варзишгарон ҳамагӣ 217 медал ба даст оварда буданд», — чунин гуфт дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов.                    «Дар дохили кишвар 55 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 200 ҳазор одамон иштирок карданд. Варзишгарони тоҷик дар 68 мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карданд» — қайд кард Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Неъматов.                     Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин доир ба соҳаи сайёҳӣ сухан рафта, қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 ширкати сайёҳӣ иҷозат барои фаъолият гирифтанд ва айни ҳол дар ҷумҳурӣ 145 ширкати сайёҳӣ ба ҷалби сайёҳон машғул аст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 619 сайёҳ аз Эрон, 631 нафар аз Афғонистон, 590 нафар аз Русия, 493 нафар аз Ӯзбекистон, 352 нафар аз ИМА, 310 нафар аз Чин, 227 нафар аз Олмон, 216 нафар аз Ҷопон, 185 нафар аз Фаронса, 86 нафар аз Куриёи Ҷанубӣ ва 227 нафар аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари сайёҳӣ анҷом доданд.

Октябрь 13, 2009 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд