CАФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАСКАВ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия оғоз меёбад. Сафари давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсия Русия аз 21 то 23 октябр сурат мегирад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафари давлатӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мулоқот анҷом медиҳад. Ҳангоми мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо миёни ҳар ду давлат муҳокима шуда, қабули чораҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни давлатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин дар рафти сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанони муқими минтақаҳои Федератсияи Русия вохӯрӣ баргузор мекунад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






