ДАР 9 МОҲ 412 000 СОМОНӢ БОҶИ ДАВЛАТӢ

Октябрь 13, 2009 15:25

                  Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров)- Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуоти оид ба фаъолияти нӯҳмоҳи соли 2009 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхоҷа Ғоибназаров, мушовири калони Президенти                  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Муқимова ва судяҳои Суди Олии иштирок намуданд.                  Ба гуфтаи иштирокчиëн дар нӯҳмоҳаи аввали соли 2009 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии ҶТ 348 парванда, ки аз он 170 парванда дар марҳилаи якум, 41 парванда дар марҳилаи шикоятӣ, 112 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ ва 25 парванда дар Раëсати Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ карда шудаанд.                   Чунон чи зикр шуд, маблағи даъвоҳои қаноаткардашуда ба фоидаи даъвогарон 12 538 113 сомонӣ ва 727 791 доллари ИМА-ро ташкил додаст. Инчунин, ба фоидаи буҷаи давлат аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ 412 871 сомонӣ боҷӣ давлатӣ рӯëнида шудааст, гуфт манбаъ.                  Дар ин давра Суди Олии иқтисодӣ асосан парвандаҳоро вобаста ба манфияти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ташкилотҳои, сарфи назар аз шакли моликият ва шаҳрвандонро дар соҳаи соҳибкорӣ ба монанди рӯëнидани зарар 7 адад парванда, беэътибор донистани санадҳои ғайримеъëрии ҳуқуқӣ 13 адад парванда, шартномаҳои кредитӣ 14 адад парванда ва дигар дараҷаҳои парвандаҳоро баррасӣ намуданд, гуфт Амирхоҷа Ғоибназаров.

Октябрь 13, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад