ДАР СЕ НОҲИЯ МАРКАЗҲОИ ҶАВОНОН ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАНД

Октябрь 13, 2009 10:40

                 Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, нашъамандӣ, дарсгурезӣ ва ҳозир шудан бо мошини сабукрав, истифодаи телефонҳои мобилӣ як қатор вохӯриҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардида истодааст, қайд намуд дар нишасти матуботӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов.                Дар нӯҳ моҳи сипаригашта, мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумита, Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи кор бо занон ва оила амалиёти муштарак бобати пешгирии танфурӯшӣ дар байни ҷавондухтарон гузаронида шуданд. Дар ин ҷараён аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.                  Дар самти татбиқи Барномаи стратегияи «Ташаббусҳои хайрхоҳона ба ҷавонон» дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ёвон 30 марказҳои маърифатӣ-иттилоотии хайрхоҳона барои ҷавонон фаъолият доранд, ки 200 ихтиёриёни ҷавонро фаро гирифтаанд ва дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон кор мебаранд.                Инчунин, қайд намуданд, ки Лоиҳаи фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди имконоти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон то июни соли 2011 тамдид ёфт, ки дар доираи он дар ноҳияҳои Ҳисор, Данғара ва Исфара Марказҳои ҷавонон бо хизматрасонии маҷмӯӣ таъсис дода мешавад.  

Октябрь 13, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад