ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ БЕМОРХОНАҲОИ МУОСИР ТАШКИЛ МЕКУНАД
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе 4 дармонгоҳи муосири гуногуншакл барои муолиҷаи бемориҳои душвортабобатро ташкил намояд», гуфт зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст. Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахши устувор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ карданд. Мусоҳибон истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҳар ду кишварро дар бахшҳои гуногуни рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт афзалиятнок арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии дар доираи қонунгузории Тоҷикистон фароҳамоварда, имкон медиҳанд, ки тасмимоти мазкур дар амал татбиқ гарданд. Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои дигари таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






