ФАҚЕҲОНИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Октябрь 22, 2009 10:55

                 Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз дар Душанбе дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Фақеҳони исломӣ дар Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони як қатор вазорату муассисаҳо, ташкилотҳои динӣ ва васоити ахбори омма иштирок карданд.                 Ҷараёнҳои динӣ дар Тоҷикистон, нақши фақеҳони тоҷик ва рӯҳониён дар таҳкими ваҳдати миллӣ, муносибати рӯҳониён ба равандҳои сиёсӣ, муносибат байни фақеҳони исломӣ ва зиёиён, муносибати давлат ба уламо ва авзои динӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ин чорабинӣ баррасӣ шуданд.                   Ҳамчунин дар мизи мудаввар муаррифии китоби сиёсатшиноси шинохта Абдулло Раҳнамо «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» сурат гирифт. Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти уламои исломӣ дар Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дар бораи равияҳои динии дар мамлакат амалкунанда, нақл карда мешавад.

Октябрь 22, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад