ФАЪОЛИЯТИ ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Октябрь 27, 2009 16:46

                Душанбе, 27 октябри (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Натиҷаҳои ичрои барномаи истеҳсолии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар нуҳ моҳи соли 2009 бо пешрафти нишондиҳандаҳои асосии баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор тавсиф меёбад, чунин қайд кард дар нишасти матбуотӣ муовини директории генералии Корхонаи Воҳидии Давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброхимов.                У ҳамчунин зикр кард ки, парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 19 ширкати ҳавопаймой, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 10 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Точикистон — Точик Эйр, Сомон Эйр ва Ист Эйр ба амал бароварда мешаванд.                 Яке аз масъалаҳои муҳим сиёсати кадрӣ мебошад. Сиёсати мазкур дар КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи мақсадҳо ва стратегия корхона сурат гирифта, ба беҳсозии шароити меҳнат, инчунин ҳавасмандии моддӣ нигаронида шудааст. Вазифаи мо дар масъалаи кадрҳо аз нигоҳи ташкилӣ аз он иборат аст, ки кормандон тибқи максад, стратегия ва дурнамои корхона тайёру интихоб гарданд, такмили ихтисос кунанд ва муваффақияту рушди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳисоби технологияҳои нав ва хосилнокии меҳнат таъмин гардад.                  Байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави байналхалқии фурӯдгоҳ протокол ба имзо расидааст. Арзиши сохтмон 27 млн. евроро ташкил медиҳад, аз ин: 20 млн. евро — саҳми ҷониби Франсия аст; 7 млн. евроро ба сохтмон КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мегузаронад. Айни ҳол марҳилаи дуюми сохтмони терминал барои 500 мусофир — соат дар фурудгоҳи Душанбе шуруъ шудааст.                   Дар давраи таътили тобистонаи мактаббачаҳо фарогатгоҳи кудаконаи «Космос» фаъолият намуд, ошхонаи нави коргарӣ ба кор даромад, ба ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯргонтеппа кӯмак карда, ду хонаи истикоматӣ дар ноҳияи Хуросон ба истифода дода шуд.                   Дар айни замон корҳо оид ба вусъати сайти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» давом доранд, ки барои рушду бехтар кардани сифати хизматрасонӣ дар фурӯдгоҳ имкониятҳои калон фароҳам меорад», -гуфт дар хотима Азиз Иброҳимов.

Октябрь 27, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад