ФАЪОЛИЯТИ ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 27 октябри (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Натиҷаҳои ичрои барномаи истеҳсолии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар нуҳ моҳи соли 2009 бо пешрафти нишондиҳандаҳои асосии баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор тавсиф меёбад, чунин қайд кард дар нишасти матбуотӣ муовини директории генералии Корхонаи Воҳидии Давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброхимов. У ҳамчунин зикр кард ки, парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 19 ширкати ҳавопаймой, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 10 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Точикистон — Точик Эйр, Сомон Эйр ва Ист Эйр ба амал бароварда мешаванд. Яке аз масъалаҳои муҳим сиёсати кадрӣ мебошад. Сиёсати мазкур дар КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи мақсадҳо ва стратегия корхона сурат гирифта, ба беҳсозии шароити меҳнат, инчунин ҳавасмандии моддӣ нигаронида шудааст. Вазифаи мо дар масъалаи кадрҳо аз нигоҳи ташкилӣ аз он иборат аст, ки кормандон тибқи максад, стратегия ва дурнамои корхона тайёру интихоб гарданд, такмили ихтисос кунанд ва муваффақияту рушди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳисоби технологияҳои нав ва хосилнокии меҳнат таъмин гардад. Байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави байналхалқии фурӯдгоҳ протокол ба имзо расидааст. Арзиши сохтмон 27 млн. евроро ташкил медиҳад, аз ин: 20 млн. евро — саҳми ҷониби Франсия аст; 7 млн. евроро ба сохтмон КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мегузаронад. Айни ҳол марҳилаи дуюми сохтмони терминал барои 500 мусофир — соат дар фурудгоҳи Душанбе шуруъ шудааст. Дар давраи таътили тобистонаи мактаббачаҳо фарогатгоҳи кудаконаи «Космос» фаъолият намуд, ошхонаи нави коргарӣ ба кор даромад, ба ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯргонтеппа кӯмак карда, ду хонаи истикоматӣ дар ноҳияи Хуросон ба истифода дода шуд. Дар айни замон корҳо оид ба вусъати сайти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» давом доранд, ки барои рушду бехтар кардани сифати хизматрасонӣ дар фурӯдгоҳ имкониятҳои калон фароҳам меорад», -гуфт дар хотима Азиз Иброҳимов.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






