КУШОДАШАВИИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ИСМОИЛИЯ
Душанбе, 13 октябри. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). Ифтитоҳи якумин Маркази Исмоилия Дар Осиёи Марказӣ- шаҳри Душанбе 12 октябр баргузор гардид. «Ифтитоҳи чунин иншооте, ки дар ҷаҳон панҷумин мебошад, гувоҳи он аст, ки сиёсати давлати Тоҷикистон баёнгари эҳтиром нисбат ба дин ва густариши гуногунандешӣ буда, асли озодии андеша ва сухану эътиқодро муайян месозад. Ин сиёсат ҳамчунин таҳкурсии боэътимоди ҳамзистии эътиқодоти мухталифи динӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеаро фароҳам овардааст», — зикр кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар маросими кушодашавии маркази мазкур. Саравари давлат ҳамчунин қайд кард, ки «Имрӯз пайравони равияи исмоилия чун ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи мо дар раванди созандагиву ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона ширкат меварзанд. Дар ин лаҳзаҳо мехоҳам бо итминон изҳор намоям, ки ин марказ ҳамчун макони таблиғи «рӯҳияи фурӯтанӣ, дӯстӣ ва муколамаи аҳли башар», ростӣ, эҳсону саховатмандӣ ва некиву накӯкорӣ дар ҷомеа аз рӯзҳои аввал фаъолияти худро ба сифати пайвандгари фарҳангҳо ва арзишҳои волои маънавию рушди иҷтимоӣ, рамзи дӯстӣ ва вафодорӣ ба Ватан дар сатҳи баланд ба роҳ хоҳад монд» , афзуд Президенти Тоҷикистон. Дар навбати худ Шоҳзода Карим-Ал Ҳусайни Оғохони-IV зикр кард, ки «Муҳимии кушодашавии марказ дар мустаҳкамии ҳамкории тарафҳо мебошад». Шоҳзода Оғохони-IV сафари чаҳоррӯзаи худро дар Тоҷикистон ба итмом расонд. Вақте, ки асоси ин бино ба ҷо гузошта шуд, 3 миллион хишти одди ва нақшу нигор карда шуда, ки ба шакли зоҳирии ин бино илҳом мебахшанд, аз теги мошини буранда мегузаштанд ва ҳар якашон то 1 миллиметер бо ҳамдигар дар девор мувофиқ часпонда шудаанд. Ин сатҳи назорати босифат ба натиҷаи дақиқи горизонтали ва вертикали чойгир ва пойваст кардани хиштҳоро ба ҳам дигар дар девор мусоидат мекард. Ин хиштҳои ҷилодор барои офаридани нақшу нигорҳои такроршуда ва зикриро иҷро мекунанд. Санги хоро дар нақшу нигорҳои гуногун дар бештари чойҳо ба фарш хусусияти хосе мебахшад. Ҳавлии калон, ки вазифаи маркази барои чаҳор соҳаи функтсионалии бино (маъмурият, таълими, толори оммави ва толор борой намоз) иҷро мекунад, низ давоми меъмории қадима ва машҳури Исломӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад. Дигар хусусиятҳо нишондоди мероси маҳаллӣ ва исломӣ, аз ҷумла дарвозаҳои калон, пояҳои бардошташуда, қисмати деворҳои беруна аз хишти чиндашуда, истифодаи хишти ороишӣ, истифодаи панҷараҳои чӯбин ва оҳанкорӣ, ва силсилаи фаввораҳо ва сабзазорро дар бар мегирад..








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






