МАЪРАКАИ ДОРУГУЗАРОНӢ ДАВОМ ДОРАД

Октябрь 1, 2009 15:19

                 Хуҷанд, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Дар вилояти Суғд маъракаи доругузаронӣ ба организми бачагони аз 1 то 14 сола барои пешгири бемориҳои гул ва сурхча мисли минтақаҳои дигари мамлакат муташаккилона оғоз ёфт ва бомуваффақият давом дорад. Тавре хабар дода шуда буд, маъракаи мазкур дар Тоҷикистон бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва муассисаи наҷоти атфоли СММ гузаронида мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилояти Суғд дар давоми маърака ба организми 650 ҳазору 194 нафар дору гузаронида хоҳад шуд. Бо ин мақсад дар марказҳои саломатӣ, мактабҳо, боғчаҳои бачагон ва ғайра 549 бунгоҳи доругузаронӣ ташкил карда шуданд. Дар давоми ду рӯзи аввали маърака ба организми 177 ҳазору 194 нафар дору гузаронида шуд.                  Хабар дода мешавад, ки мутахассисони вазорати тандурустӣ ва раёсати тандурустии вилоят аз 7 то 12 сентябр ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар карда, аҳамияти доругузарониро ба аҳолӣ фаҳмонданд.                  Дар давоми ду ҳафтаи маърака дар саросари ҷумҳурӣ ба организми 2,5 миллион нафар дору гузаронида хоҳад шуд. Тибқи нақшаи вазорати тандурустӣ ояндаи наздик ба организми бачагон барои пешгирии бемориҳои меъдаю рӯда ва роҳҳои нафар низ дору гузаронида хоҳад шуд. Хароҷоти умумии маъракаи доругузаронӣ бештар аз 3 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.

Октябрь 1, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд