МАРКАЗҲОИ КАСБОМӮЗӢ

Октябрь 22, 2009 10:45

                  Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини директори Агентӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Бобоев, тибқи тадқиқоти миёни сардорони оилаҳо анҷомдодашуда, дар давом солҳои 2003 – 2008 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз 224 ҳазор (соли 2003) ба 805 ҳазор (дар соли 2008) нафар расидааст.                  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бойтарин кишварҳо дар соҳаи захираҳои табиӣ мебошад, ки ҳар сол имконияти бо кор таъмин кардани 100 – 150 ҳазор нафар коргарро дорад.                   Барои кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки дар дохили ҷумҳурӣ барои як миллион нафар ҷои кор муҳайё карда шавад, — мегӯяд А. Бобоев. Аммо айни замон чунин имкониятро ҷумҳурӣ надорад. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки ба хориҷи кишвар шахсони ихтисосманд фиристонида шаванд. Бо ин мақсад, дар назди агентии мазкур, Маркази тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст.                 40 фоизи муроҷиаткунандагон мехоҳанд касби сохтмончӣ дошта бошанд. Марказ аз рӯи хоҳши муроҷиаткунандагон ба онҳо касбу ҳунари сохтмончиро меомӯзонад.

Октябрь 22, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад