МУШКИЛОТИ КОРХОНАҲОИ МУЗОФОТӢ

Октябрь 22, 2009 15:38

                 Мӯъминобод, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандон ҶММ "Оила" дар ноҳияи Мӯъминобод корхонаи консервабарорӣ таъсис дода, 15 нафар духтарони маҳаллиро ба кор ҷалб кард. Роҳбарияти корхона соли ҷорӣ бо чор хоҷагии деҳқонӣ шартномаи хамкорӣ баста, миқдори зиёди пиёзи анзур, помидору бодирингро барои коркарди истеҳсолот харидорӣ намуд. То имрӯз беш аз 80 ҳазор қуттии шартӣ консерва истеҳсол карда шуд. Корхона аз ҳисоби пардохти музди меҳнати коргарон, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, дигар намудҳои андоз ва хизматгузорӣ қарздор нест.                  Роҳбари корхона Назирмад Толибов бо мухбири АМИТ «Ховар» аз пайваста хомӯш гардидани барқ изҳори нигаронӣ кард. «Набудани барқ ба фаъолияти корхона монеа эҷод мекунад». Мушкилоти дигар дар дастрас намудани қуттиҳо мебошад. Аз сабаби дар вилояти Хатлон набудани корхонаҳои истеҳсоли қуттӣ, онҳоро аз корхонаи "Лаъли Хуҷанд" -и вилояти Суғд харидорӣ мекунанд, ки он дар навбати худ ба болоравии нархи маҳсулот оварда мерасонад. 

Октябрь 22, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад