МУШКИЛОТИ КОРХОНАҲОИ МУЗОФОТӢ
Мӯъминобод, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандон ҶММ "Оила" дар ноҳияи Мӯъминобод корхонаи консервабарорӣ таъсис дода, 15 нафар духтарони маҳаллиро ба кор ҷалб кард. Роҳбарияти корхона соли ҷорӣ бо чор хоҷагии деҳқонӣ шартномаи хамкорӣ баста, миқдори зиёди пиёзи анзур, помидору бодирингро барои коркарди истеҳсолот харидорӣ намуд. То имрӯз беш аз 80 ҳазор қуттии шартӣ консерва истеҳсол карда шуд. Корхона аз ҳисоби пардохти музди меҳнати коргарон, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, дигар намудҳои андоз ва хизматгузорӣ қарздор нест. Роҳбари корхона Назирмад Толибов бо мухбири АМИТ «Ховар» аз пайваста хомӯш гардидани барқ изҳори нигаронӣ кард. «Набудани барқ ба фаъолияти корхона монеа эҷод мекунад». Мушкилоти дигар дар дастрас намудани қуттиҳо мебошад. Аз сабаби дар вилояти Хатлон набудани корхонаҳои истеҳсоли қуттӣ, онҳоро аз корхонаи "Лаъли Хуҷанд" -и вилояти Суғд харидорӣ мекунанд, ки он дар навбати худ ба болоравии нархи маҳсулот оварда мерасонад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






