МУСОБИҚАИ САМБОЧИЁН

Октябрь 1, 2009 16:32

               Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 2 октябр дар Қасри варзиши «Самандар – 21» — и шаҳри Турсунзода мусобиқаи кушоди Ҷумҳуриявии варзиши самбо оғоз меёбад, ки барои поси хотири Қаҳрамони собиқи варзиши ҷаҳон Саидмӯъмин Раҳимов гузаронида мешавад.                 Дар ин мусобиқа аз Гурҷистон, Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бештар аз 200 варзишгар иштирок менамояд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн гузаронида мешавад.                   Ташкилкунандагони он ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои гуногун тайёр кардаанд. Барои ишғоли ҷои якум 800 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 400 доллари ИМА ва барои ҷои сеюм 150 доллари ИМА мукофот муқаррар намудаанд. Мукофоти асосии мусобиқа мошини сабукрафи «Тойота Королла» мебошад, ки ба ғолиби мусобиқа дар вазни зиёда аз 100 кг дода хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Саидмӯъмин Раҳимов низ соли 1975 дар Минск бо ҳамин вазн қувва озмуда, унвони Қаҳрамони варзиши ҷаҳонро соҳиб гардида буд.

Октябрь 1, 2009 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад