НАШРИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ТЕҲРОН
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чор нашрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Чархи гардун», «Вечерный Душанбе», «Оила» ва «Нақлиёт» дар 16-умин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо, ки 20 октябр дар Теҳрон оғоз меёбад, иштирок менамоянд. Масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки намоишгоҳ як ҳафта идома ёфта, дар он намояндагони матбуот ва хабаргузориҳои 27 давлати дунё ширкат меварзанд. Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши матбуот ва хабаргузориҳои кишварҳои минтақа мебошад. Намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон созмон дода шуда, 28 октябр ба анҷом мерасад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






