НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР КӮЛОБ-ВОСЕЪ
Кӯлоб, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Мувофиқи нақша дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии раиси шаҳр бо хабарнигорон доир гардид. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев аз фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб ва дастовардҳои соҳаҳои гуногун иттилоъ дода қайд намуд, ки таи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз ба миқдори 103,4 ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ 100,5 фоиз иҷро гардидааст. Сардори раёсати андози шаҳр Саймурод Исмоилов аз захираҳои истифоданашуда дар самти ҷамъоварии андоз ёдрас шуда, қайд намуд, ки барои напардохтани андози давлатӣ нисбати 27 корхонаю ташкилот аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодӣ ирсол гардидааст. Тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ низ хуб ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои тандурустию фарҳангӣ ва маориф миқдори зарурии ангишт захира карда шудааст. Хабарнигорон аз вазъи соҳаи кишоварзӣ, пардохти музди меҳнат, нафақа, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ пурсон шуданд. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев посух дод, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ корхонаҳои саноатӣ хуб фаъолият намуда, беш аз нақшаи пешбинишуда маҳсулот истеҳсол намуданд. Музди меҳнат ва нафақаи пиронсолон сари вақт пардохт шуда, 96 фоизи аҳолӣ ва корхонаю ташкилот ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф гузаштанд. Ҳамин гуна нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид, ки зимни он раиси ноҳия Султон Валиев ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух дод. Раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки бо сабабҳои гуногун нақшаи нӯҳмоҳаи андоз ҳамагӣ 83 фоиз иҷро гардидааст, ки ин аз фаъолияти сусти нозироти андоз гувоҳӣ медиҳад. Барои саривақт насупоридани андоз нисбати 53 нафар роҳбарони корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ парванда ба суди иқтисодӣ равона гардидааст. Дар дигар соҳаҳо бошад, муваффақиятҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия ба андозаи 57 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, айни замон ҷамъоварии пахта вусъати тоза пайдо намуда истодааст.








Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






