НОҚИЛҲОИ ХАТАРНОК
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сабаби сар задани 3 сӯхтор дар давоми як ҳафта гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати хадамоти сӯхторхомӯшкунии ВКД — Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Пайваст шудани таҷҳизоти зиёди гармидиҳӣ ва истифодаи нодурусти ноқилҳои барқӣ, боиси сар задани сӯхтор дар манзили одамон мешавад. Аз ҷумла, 7 октябр дар хоҷагии сокини маҳаллаи «Пахтакор» — и ноҳияи Восеъ Саттор Одинаев дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар ҳудуди 48 метри квадратӣ сӯхтор ба амал омада анбор, коҳдон ва иншооти чӯбинро ба коми худ кашид. Зарари расида 1800 сомониро ташкил медиҳад. Умуман аз 5 то 12 октябр дар ҳудуди ҷумҳурӣ 19 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Дар вилояти Хатлон 7, дар вилояти Суғд 4, дар шаҳри Душанбе 5 ҳодисаи сӯхтор ба амал омад. Зарари умумии аз сӯхторҳо расида 15 ҳазору 690 сомониро ташкил медиҳад.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






