ПЕШНИҲОДИ МУФИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

Октябрь 2, 2009 10:58

                Ашқобод, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», regnum.ru). – Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 1 октябр зимни сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакаташ изҳор намуд, ки Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бояд ба ивази истифодаи ҳаҷми имрӯзаи оби дарёҳои сарҳадгузар ва ҳалли проблемаҳои энергетикӣ ба Тоҷикистон маблағи муайян диҳанд.                  Г.Бердимуҳаммадов зикр кард, ки сарчашмаи дарёҳои асосии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошанд. Ин мамлакат баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз нарасидани қувваи барқ танқисӣ мекашад. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ин проблема сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обиро пеш гирифтааст. Ин иқдом дар оянда сабаби коҳиш ёфтани маҷрои дарёҳо ва нарасидани об дар мамлакатҳои поёноби дарёҳои Сир ва Ому гардида метавонад. Проблемаи мазкур сол то сол ҷиддитар гардида, сабаби муташанниҷ гардидани муносибатҳои мамлакатҳои минтақа шуда метавонад.                  Қ.Бердимуҳаммадов дар робита мамлакатҳои поёноби минтақа — Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро даъват кард, ки масъалаи мазкурро якҷоя ҳал намуда, ба ивази оби дарёҳои Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои истифодаи захираҳои обу энергетика маблағи муайян ҷуброн намоянд.                  Ба ақидаи коршиносон, баъди 5 –10 сол проблемаи бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа пайдо хоҳад кард. 

Октябрь 2, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад