РАИСИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ТАЪИН ШУД

Октябрь 22, 2009 15:41

                Бишкек, 22 октябр. (АМИТ «Ховар» — newsru.com). – 21 октябр бо фармони президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев собиқ раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон Дониёр Усейнов сарвазири ин кишвар таъин гардид.                 Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, бо ташаббуси президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар сохторҳои ҳокимияти иҷроияи ин мамлакат ислоҳот гузаронида мешавад. Вобаста ба ин 20 октябр ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон пурра ба истеъфо рафт. 21 октябр Шӯрои сиёсии ҳизби ҳукмрони Ҷумҳурии Қирғизистон «Ак жол» номзадии Дониёр Усейновро барои мансаби сарвазирӣ ба президент Қурмонбек Боқиев пешниҳод кард.                  Д.Усейнов яке аз ҳамсафони президент Боқиев буда, соли 2005 ба комиссияи давлатӣ оид ба ҷустуҷӯи молу амволи собиқ президент Аскар Акаев ва аъзои оилаи ӯ роҳбарӣ мекард. Соли 2007 раиси шаҳри Бишкек ва аз январи соли 2009 раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Қирғизистон таъин шуда буд.

Октябрь 22, 2009 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд