РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ҲИСОБОТ МЕДИҲАД

Октябрь 19, 2009 15:26

                Хуҷанд, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи роҳбарияти вилоят ҳисобот дод.                  Раиси вилоят дар маърӯзаи худ қайд кард, ки новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳудуди вилоят истеҳсоли саноат дар корхонаҳои вилоятӣ қатъ нагардид. Қисми даромади буҷаи вилоят 109,2 фоиз афзун шуда, хароҷоти буҷа 97,6 фоизро ташкил дод. Дар баробари ҳамин содироти маҳсулот дар вилоят назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз поён фаромада, воридоти мол 30 фоиз кам шуд.                 «13 фоизи даромади буҷаи вилоят аз ҳисоби кишоварзон буда, 28 фоизи даромади буҷаро корхонаҳои саноатӣ таъмин мекунанд, — қайд намуд Қоҳир Расулзода. – Кори мунтазами корхонаҳои саноатӣ аз таъмини ашёи хом, яъне пахта вобастагӣ дорад. Дар ин сол маблағгузорӣ ба соҳаи пахтапарварӣ 4 баробар кам шуда бошад ҳам, ба ҳисоби мутахассисон ҳосили баробар ба соли гузашта яъне 88 ҳазор тонна пахта парвариш карда шудаст. Ин маънои онро дорад, ки хоҷагиҳои пахтакор тадриҷан қарзҳои пешинаи худро мепӯшонанд».                  Ҳамчунин Қ.Расулзода иттилоъ дод, ки бинои 13 ошёнаи «Хонаи матбуот» дар мӯҳлати таъиншуда — то рӯзҳои ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Оид ба таъмин кардани аҳолии вилоят ва корхонаҳои саноатӣ бо гази табиӣ, Қ.Расулзода изҳор кард, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ барои пайдо кардани конҳои нави гази табиӣ ҳамаи чораҳоро меандешанд, то ки дар оянда аҳолӣ бо гази истеҳсоли худӣ таъмин карда шаванд.

Октябрь 19, 2009 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад