СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ШАРҚШИНОСИИ АУ ФР

Октябрь 27, 2009 15:12

СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ШАРҚШИНОСИИ АУ ФР23 октябри соли 2009                  Мӯҳтарам Виталий Вячеславович,               Мӯҳтарам олимон — шарқшиносон,               Мӯҳтарам хонумон ва ҷанобон,                  Қабл аз ҳама миннатдории самимии маро барои ба унвони «Профессори фахрии шарқшиносӣ» сазовор донистанатон қабул фармоед. Ин барои ман шарафи бузург аст. Махсусан ифтихор дорам, ки Шумо ба гирифтани ин унвон, ки сад сол қабл таъсис шудаву ба наздикӣ барқарор гардидааст, нахустин шуда маро лоиқ донистед.               Барои ман баромад кардан дар назди ин аудиторияи мӯҳтарами яке аз кӯҳантарин муассисаҳои илмии Академияи улуми Русия фараҳовар мебошад.                 Аксари анъанаҳои неки илми шарқшиносии Русия маҳз ба Пажӯҳишгоҳи Шумо алоқаманд аст.                Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ дар солҳои шӯравӣ мавқеи намоёнро ишғол мекард, зеро дар он замон Пажӯҳишгоҳ ба маркази асосии илми шарқшиносии Иттиҳоди шӯравӣ мубаддал гашта, рисолати муҳими худро барои омӯзиш ва нашри сарчашмаҳои хаттӣ оид ба таърих ва фарҳанги мардумони Шарқ иҷро кард ва дар тайёр намудани мутахассисони сатҳи олӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ — тадқиқотӣ миёни академияҳо ва макотиби олӣ дар риштаҳои гуногуни илми шарқшиносӣ, саҳми арзанда гузошт.                Хушҳолона аз он ёд меорам, ки муддати дароз, зиёда аз 20 сол Пажӯҳишгоҳро ҳамватани ман — олими намоён ва ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафурович Ғафуров роҳбарӣ кардааст.                Фарзанди миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олим ва ходими давлатӣ ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба Русия баробар тааллуқ дорад.                Дар тӯли солҳои зиёд Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқоти таъриху тамаддуни мардумони Шарқ машғул буд. Воқеан, ӯ асосгузори бахшҳои гуногуни илми шарқшиносӣ маҳсуб шуда, яке аз бунёдгузорони илми муосири Тоҷикистон мебошад.                 Ҳамчун роҳбари Пажӯҳишгоҳ ӯ тамоми ҷидду ҷаҳдашро барои рушди босуръати илми шарқшиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ сарф кард. Бо кӯшишҳои ӯ дар ҷумҳуриҳои Иттиҳод, аз ҷумла, дар Тоҷикистон институтҳои шарқшиносӣ кушода шудаанд.                 Дар ҳифзи як қатор осори хаттии мардумони Шарқ хизмати Бобоҷон Ғафуров бузург аст. Бо ташаббуси ӯ Бунёди мунтахаби эҷодиёти классикии шоирон ва адибони Шарқи қадим ва асримиёнагӣ таъсис дода шуда буд.                  Дар замони роҳбарии ӯ Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба маркази тавонои илмӣ мубаддал гашта, дар назди Ҳукумати Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои бародар ва давлатҳои хориҷӣ соҳиби нуфузу эътибори хоса буд. Пажӯҳишгоҳ дар муайян кардани сиёсати давлат нисбат ба мамлакатҳои Шарқ таъсири амиқ мегузошт. Тадқиқот дар риштаҳои сиёсат, иқтисодиёт, адабиёт ва забонҳои мамлакатҳои Шарқ ба таври намоён рушд кард. Дар Пажӯҳишгоҳи Шумо беҳтарин ҳайати корӣ, ки ба ривоҷу равнақ ёфтани илми шарқшиносии ҷаҳон саҳмгузор аст, ҷамъ оварда шуда буд.                 Боварӣ дорам, ки ниятҳои нек ва ақидаҳои олии Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ ба рушди илм ва маориф дар кишварҳои мо хизмат хоҳад кард.                   Муваффақиятҳои Пажӯҳишгоҳ, минбаъд, зери роҳбарии олимони машҳур Евгений Максимович Примаков ва Владислав Борисович Рыбаков чандин баробар зиёд шуданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, директори ба наздикӣ интихобшудаи Пажӯҳишгоҳ, дорандаи ордени «Дӯстӣ» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси дар байни уламо машҳур, профессор Наумким Виталий Вячеславовичро барои ба ин мансаб интихоб шуданашон табрик гуфта, ба ӯ муваффақиятҳоро орзумандам.                  Дӯстони азиз,                  Имрӯз Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ яке аз бузургтарин муассисаҳои гуманитарии илмии Русия мебошад. Ман намехоҳам ба таври васеъ дар бораи таърих ва аҳамияти Пажӯҳишгоҳ дар тадқиқоти шарқшиносии муосир сухан гӯям, зеро инро ҳама медонанд. Гузашта аз ин, ба наздикӣ Шумо 190 – солагии таъсисёбии Пажӯҳишгоҳро ҷашн гирифта будед.                  Мехоҳам якчанд мушкилоти барои ҳамаамон умумиро гуфта гузарам.                 Мо шоҳиди бевоситаи тағйиротҳои ҷиддӣ ва умқӣ дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёт дар кураи Замин мебошем. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун омили ногузири таърихи муосир, дар ҳаёти ҳамаи мардумони сайёра таъсири худро мерасонад.                  Дар баробари натиҷаҳои мусбӣ, ҷаҳонишавӣ ҳамчунин оқибатҳои нохуш, хатарҳои нав ва ситезаҷӯиҳоро ба бор меорад.                 Он чи кӣ мо дар фазои ягонаи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ қарор дошта, имкониятҳои васеъ барои муошират дорем, азхудкунии технологияи муосирро мушоҳида мекунем, албатта беҳтарин дастоварди инсоният дар даврони ҷаҳонишавӣ мебошад.                 Мутаассифона, комёбиҳои солҳои охир, метавонанд дастраси қувваҳое шаванд, ки онро барои бо ҳам муқобил гузоштани фарҳангу дин ва минтақаву мардумон истифода баранд.                Ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар солҳои охир вусъати бештар гирифта, ташкилотҳои экстремистӣ бераҳму шафқат баромад карда, роҳҳои нав ба нави муборизаро ихтироъ мекунанд ва дар тамоми ҷаҳон фазои тарсро мехоҳанд ҷорӣ созанд. Яке аз сабабҳои ин ҳолат, ба андешаи ман, набудани муколамаи босамар миёни Ғарбу Шарқ ва надонистани фарҳанги якдигарӣ мебошад. Баъзе олимон ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ назарияи кӯҳнашудаи Киплинг «Ғарб ғарб аст ва Шарқ шарқ — онҳо ба якдигар ҳеҷ гоҳ наздик намешаванд» — ро дастак карда, Ғарбро бо Шарқ муқобил мегузоранд. Гоҳо садоҳое ҳам баланд мешавад, ки ислом ин таълимоти қафомонда ва зӯроварӣ мебошад.                 Шумо олимон — шарқшиносон, хуб медонед, ки ислом дар баробари мусоидат кардан ба рушди илм, фарҳанг, тафаккур, инчунин барои манфиатҳои алоҳида истифода бурда мешуд, тавре ки ҳамин ҳолат дар дини христианӣ, дар давраи ҳукмронии чандинасраи инквизитсия низ ҷорӣ буд.                  Бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки илми шарқшиносӣ ҳам дар соҳаи кишваршиносӣ ва ҳам дар тадқиқоти мавзӯӣ, на танҳо рисолати илмӣ, балки маърифатиро низ бояд иҷро кунад. То ки шумораи зиёди одамон аз фарҳанги мардумони Шарқ бохабар бошанд, дар бораи ягона будани моҳияти одамӣ маълумот дошта бошанд, на ин кӣ халқҳо ва тамаддунҳоро бар зидди ҳам гузорад.                  Хурсандиовар аст, ки шарқшиносони Русия имрӯз низ анъанаҳои неки олимони машҳур Олденбург, Бартол, Крачковский, Конрат, Гордлевский, Бертелс, Андреев, Семёнов, Павловский ва дигаронро давом дода, онро ғанӣ мегардонанд.                 Номи ин шарқшиносони бузургро ба забон оварда, ҳамзамон мо тадқиқоти густурда, ҷонфидоӣ ба илм ва ақидаҳои олии онҳоро қайд мекунем.                 Онҳо фарҳанги мардумонро зидди ҳам нагузошта, баръакс тамоми нерӯи худро барои омӯзиши таърих, тамаддун ва забонҳои кишварҳои Шарқ равона карданд, пеши худ мақсад гузошта буданд, ки боигарии фарҳанги мардумони дар шароитҳои иҷтимоӣ – таърихии дигар зистаро, дастраси миллати худ намоянд.                 Маҳз бо шарофати шарқшиносон Умари Хайём шоири дӯстдоштаи Аврупо, Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсӣ илҳомбахши Пушкин, Чернишевский ва Есенин шуданд.                Дар шароити мураккаб ва мухталифи муосир фақат илме, ки ба виҷдон, ҳалолкорӣ такя дорад, метавонад барои ҷомеа ва сиёсатшиносон роҳи дурустро нишон диҳад.                Имрӯз моро мебояд сабабҳои рушди омилҳои диниро дар Шарқи мусулмонӣ пайдо намоем. Баъзе аз тадқиқотчиён ва сиёсатшиносони кӯтоҳназар дар Ғарб, исломро ҳамчун дини террор, таҷовуз ва душмани тараққиёт дониста, онро дар як қатор бо террористҳо ва ифротгароён мегузоранд.                 Аммо, дар баробари ҳамин аз манфиатҳои монополияҳои байналмиллии замонавӣ, муборизаҳои бераҳмонаи синдикатҳо, ки мехоҳанд рақибони худро ҷисман нобуд сохта, хӯҷаини ягонаи бозорҳо шаванд, захираҳои табииро пурра ба дасти худ гиранд, ҷараёнҳои иҷтимоиро мутобиқ ба манфиатҳои худ идора кунанд ва дар маҷмӯъ аз оқибатҳои ногувори ин амалҳо, аз чӣ бошад, сухан нагуфта хомӯшӣ ихтиёр мекунанд.                 Вобаста ба ин мехостам, якчанд сухан дар бораи ифротгарӣ бигӯям. Мо одат кардаем, ки дар бораи ифротгароии исломӣ гап занем. Ҳол он ки ифротгароӣ гуногун мешавад. Чунончӣ, ифротгароии динӣ, идеологӣ ва ё сиёсӣ. Солҳои 90 – уми асри гузашта, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ мо бо ин зуҳурот рӯ ба рӯ шуда будем.                 Ҳамчунин, мафҳуми ифротгароӣ ва мафҳуми таъсири беруна низ мавҷуд аст. Барои мисол, қабули демократияи Ғарб дар асл, ягон бадӣ надорад. Мо, демократияро аз дигарон меомӯзем. Аммо, ин маънои онро надорад, ки барои мо ин ё он модели демократияро маҷбуран бор кунанд.                 Барои демократияи Ғарб кайҳо масъалаи фарҳанги сиёсӣ ҳалли худро ёфтааст ва дар он ҷо ҳеҷ гоҳ дар ҷараёни муборизаҳои ҳамдигарӣ ҷамъиятро ба қисмҳо ва гурӯҳҳо ҷудо намекунанд.                Шароити мо бошад, аз шароти демократияи тараққикарда, фарқи куллӣ дорад. Ба ин маъно, қабули модели демократияи ғарбӣ барои мо пеш аз мӯҳлат мебошад, аммо ин маънои рӯ гардондан аз демократияро надорад.                 Ба назари мо демократияро дар ҳалли ҳар як мушкилӣ ба таври алоҳида баррасӣ бояд кард. Агар ҳалли масъала ба нафъи ҳуқуқ, созмони давлати ҳуқуқбунёд, кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ, боло бурдани рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти сиёсӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шуда бошад, он гоҳ метавон мавҷудияти демократияро тасдиқ кард.                Мубориза барои нобуд кардани экстремизм дар ҳама намуди зуҳуроташ, низ демократия ҳисобида мешавад. Барои мисол, мубориза бар зидди экстремизми динӣ низ демократия мебошад. Тавре ки маълум аст, экстремизми динӣ дар ҷое зуҳур мекунад, ки масъалаҳои муҳимтарин ҳалли худро наёфтаанд ва ё ин ки давлат дар он ҷо пурқувват нест.               Ҷамъият ва давлати мо имрӯз тавре рушд мекунанд, ки барои фаъолияти динӣ шароити озод фароҳам меорад, дар баробари ин мо кӯшиш мекунем, ки заминаҳои иҷтимоии экстремизми диниро барҳам занем.                Ба Тоҷикистон қувваҳои гуногун моделҳои худро иҷборан бор карданӣ шуданд, ки ин худ як намуди экстремизм мебошад. Аммо, қувваҳои солими Тоҷикистон шакли худии рушди ҷомеаро корбаст карданд. Гумон мекунам, ки таҷрибаи таъсис додани асосҳои иҷтимоии Тоҷикистон аҳамияти беназир дорад. Дар маркази ҳамаи кӯшишҳои мо сулҳи иҷтимоӣ, ки дар ҳама давру замон барои эҳёи дубораи мардуми мо мададрасон буд, қарор дошту дорад.                Ҳаждаҳ сол дар баробари таърихи қадимаи тоҷикон мӯҳлати тӯлонӣ нест. Вале ин 18 – соли истиқлолияти давлатӣ, ки пур аз рӯйдодҳои муҳиманд, исбот карданд, ки роҳи интихобкардаи мардуми Тоҷикистон — роҳи сохтмон ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, роҳи бебозгашт аст.                Мо ба наздикӣ 1310 – солагии фақеҳи бузург, асосгузори мактаби фиқҳ дар ислом Абӯҳанифаро, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, ҷашн гирифтем.                Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Осори Абӯҳанифа ва гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор карда шуд, ки дар он аз ҷумла, Виталий Вячеславович фаъолона иштирок намуданд. Ташаббуси мо аз ҷониби олимони ҷаҳон, аз ҷумла, олимони Русия дастгирӣ ёфт. Мақсади мо аз он иборат буд, ки таъсири осори диниро дар таълими одамон, тарбияи ҳисси таҳаммулпазирӣ, дилсӯзӣ ба бадбахтиҳои инсонӣ нишон диҳем.                 Агар дар гузаштаи на он қадар дур осори динӣ пурра рад карда мешуданд, пас имрӯз мо имкон дорем, ки дин, аз ҷумла, дини исломро бо назари дигар — ҳамчун қисме аз фарҳанг ва тамаддуни умумибашарӣ бубинем.                  Ҳамзамон мехоҳам қайд кунам, ки муносибат ба дин аз ҷониби уламо набояд яктарафа бошад. Айни ҳол ҷараёнҳои гуногуне пайдо шудаанд, ки таълимоти худро ҳақиқати мутлақ мешуморанд, қисме аз онҳо «муқаддасот» — и бардуруғи зиддиқонуниро ташвиқ карда, ҳатто рӯирост ба зӯроварӣ даъват мекунанд.                 Вобаста ба воқеоти замони муосир, тадқиқоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ, мушкилоти этникӣ, тарғиб ва ташвиқи осори фарҳангии мардуми Шарқ аҳамияти ҷиддӣ касб мекунад.                 Ман гумон дорам, ки шарқшиносии муосири озод аз идеология, метавонад нақши муҳимро дар рушди муколамаи тамаддунҳо иҷро кунад.                Мо дар даврони ҷаҳонишавии босуръат зиндагӣ дорем, дар давроне, ки дастовардҳои бузурги инсоният, муттаасифона, бо ҷаҳолат ҳамқадам мебошанд, дар баробари бунёдкориҳо харобкориҳо ба назар мерасанд, гоҳо ҷойи умеду орзуро ғам ва ноумедӣ ишғол мекунад.                Мушкилоти тарбияи ҷавонон дар Шарқ, аз ҷумла, дар давлатҳои мусулмонӣ, ҷалби оммавии онҳо ба ташкилотҳои радикалии исломӣ ва дар Ғарб ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои фашистӣ аз илм ба таври ҷиддӣ омӯзиши амиқ, хулосаҳои зарурӣ ва чораҳоро барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъмини амнияти башарият ва тамаддун талаб мекунад.                Дар замони худ Пажӯҳишгоҳи Шумо дар омода кардани кадрҳои баландихтисос барои муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии Тоҷикистон саҳми бузурги худро гузошта буд.                Имрӯз низ мушкилоти зиёде мавҷуд доранд, ки ҳалли онҳо меҳнати якҷояи олимони давлатҳоямонро талаб мекунад. Ман мехостам диққати асосиро ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои олимон — шарқшиносони кишварҳоямон равона созам. Масъалаҳои зиёде дар илми шарқшиносӣ мавҷуд ҳастанд, ки ҷидду ҷаҳди шарқшиносони Русия ва Тоҷикистонро талаб мекунад. Чӣ тавре ки ба ман маълум аст, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми мамлакатҳоямон ба имзо расидааст.                Ман фикр дорам, ки имрӯз тадқиқоти якҷоя оид ба масъалаҳои муҳим, ташкили конфронс ва симпозиумҳо, гузаронидани дигар чорабиниҳои машваратӣ, хуллас таҳкими алоқа миёни олимон хеле муҳим мебошад.                Коромӯзиҳои илмӣ, ҳамкориҳо дар риштаи ҳимояи маърӯзаҳои диссертатсионӣ имкониятҳои васеъро барои нигоҳ доштани анъанаҳои неки ҳамкориҳо, ки барои мо аҳамияти ивазнашаванда доранд, фароҳам хоҳанд овард.              Бори дигар иҷозат диҳед, миннатдории худро ба роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ, ҳамаи Шумо барои пазироии самимона дар ин маркази машҳури илми ҷаҳонӣ баён намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, комёбиҳои бузурги эҷодӣ дар фаъолияти барои башарият муҳим орзу намоям.               Ташаккур.

Октябрь 27, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид