ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ГАРДИД

Октябрь 19, 2009 14:22

                  Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).- Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба таэкван-до, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия идома дорад, варзишгари тоҷик Далер Тюряев дар қувваозмоии ниҳоӣ барои ғолибият дар вазни то 85 килограмм бо варзишгари ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея мағлуб шуд ва ҷои дуюмро ишғол карда соҳиби медали нуқрагини мусобиқа гашт.                   Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин мусобиқа 16-уми октябр варзишгари дигари тоҷик Далер Сайфиддинов сазовори медали тилло гардид.                  Тавре маълум шуд, ду варзишгари собиқи дастаи яккачини ҷумҳурӣ оид ба таэкван-до Дилшод Сайфиддинов ва Рустам Улмасов дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ аз номи Илоёти Муттаҳиди Амрико баромад мекунанд.

Октябрь 19, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад