ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ХАРКОВ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 20-21 ноябр, мувофиқи шартномаи қаблан измошуда, ҳайати намояндагони Харков дар ҷашни 70-солагии Донишгоҳи тиббии давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок хоҳанд кард. Ҳайати намояндагонро муовини Раиси Шӯрои ректорҳои маркази омӯзишии Харков, ректори Донишгоҳи тиббии миллии Харков Владимир Лисовой роҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати мазкур се намояндаи Донишгоҳи миллии дорусозии Харков, проректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ Сергей Попов, мудири кафедраи кимиё оид ба муттаҳидкунии табиат, профессор Виктория Кисличенко ва дотсенти кафедраи фармокалогия Анна Зайченко шомиланд. Инчунин дар доираи сафар ҳайати намояндагони Харков дар яке аз мактабҳои пойтахт маркази иттилоотию машваратӣ кушоданианд, ки дар он ҷо маълумот дар бораи кадрҳо доир ба соҳаҳои тахасуссии технологии Харков маълумот ҷамъ оварда мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






