ҲУНАРМАНДОН НИЗ ДАР СОХТМОН САҲМ МЕГИРАНД

Ноябрь 16, 2009 16:39

                  Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова) – Ҳунармандони ансамблҳои машҳури давлатии «Зебо», «Гулшан» ва «Ҷаҳоноро» таҳти роҳбарии директори муассисаи давлатии Иттиҳодияи коллективҳои эҷодӣ Ҷамшед Исмоилов маоши якрӯзаи музди меҳнати худро ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун гузарониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Иттиҳодияи эҷодӣ Абдурасул Ҳалимов иттилоъ дода қайд кард, ки «саҳми ҳунармандони ансамблҳои зикршуда 1.400 сомониро ташкил медиҳад».                  Ҳамчунин, ҳайати эҷодӣ баргузории консертҳои хайрияро барои сохтмончиёни ин иншооти миллӣ дар назар доранд.                   «Айни замон Иттиҳодияи коллективҳои эҷодии «Зебо», «Гулшан» ва «Ҷаҳоноро» барномаи нави консертиро омода кардаанд, ки рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон мегардад», — изҳор кард А.Ҳалимов.

Ноябрь 16, 2009 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад