ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» комиссияи тавозунӣ-буҷавӣ оиди ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагии нӯҳмоҳа ва коркарди лоиҳаи буҷаи бонк барои соли 2010 ба кори худ хотима бахшид. Дар раванди он натиҷаҳои фаъолияти филиалҳо дар давраи ҳисоботии қайдкардашуда таҳлил карда шуданд. Дар «Ориёнбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки комиссия дар ҳайати роҳбарони қисмҳои сохтории асосӣ, аз ҷумла сармуҳосиб, Идораи рушди корпоративӣ, Департаменти сиёсати амонатӣ-қарзӣ ва Идораи аудит ва назорати дохилӣ масъалаҳои сиёсати маркетингии бонк, ҷозибнокии амонатҳо, муаммоҳои пардохтҳои ба таъхирафтода, бесамарии хароҷотҳо, инчунин иҷроиши буҷаи соли ҷорӣ ва муҳокимаи буҷа барои соли 2010-ро баррасӣ намуд. Қайд кардан лозим аст, ки мувофиқи натиҷаҳои кори комиссияи тавозунӣ аз 32 филиали ҶСК «Ориёнбонк» 4 филиал баҳои «аъло», 9 филиал баҳои «хуб», 17 филиал баҳои «қаноатбахш» ва 2 филиал баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтанд. Бо мақсади солимгардонӣ ва беҳтар гардонидани фаъолияти молиявии «Ориёнбонк» филиалҳо ва роҳбарони сохторҳои мустақил вазифадор карда шуданд, ки дар семоҳаи чорум тамоми чораҳоро баҳри иҷро шудани нақшаи фоидаи соф, ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти молиявӣ муваффақ гарданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






