ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ МАВСИМИ ФУТБОЛ

Ноябрь 20, 2009 16:59

                    Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 24 ноябр дар пойтахти Малайзия — шаҳри Куала – Лумпур маросими ҷамъбасти мавсими имсолаи мусобиқаҳои футбол дар қитъаи Осиё баргузор мегардад. Мутаассифона, имсол дар ягон бахш намояндагони Тоҷикистон дохил карда нашудаанд. Ҳол он ки футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои футболи байни мамлакатҳои қитъаи Осиё натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд.                    Ҳамон рӯз номҳои ғолибони мусобиқаҳои футбол дар бахшҳои «Футболбози беҳтарин», «Футболбоздухтари беҳтарин», «Алмоси Осиё», «Футболбози ҷавони беҳтарин», «Тренери беҳтарин», «Довари беҳтарин», «Ёвари беҳтарин», «Комиссари беҳтарини бозиҳо», «Дастаи беҳтарин», «Дастаи беҳтарини мунтахаби мардони футболбоз», «Дастаи беҳтарини мунтахаби занонаи футболбоз», «Ассосиатсияи беҳтарини миллӣ», «Ассосиатсияи беҳтарини миллии занони футболбоз», «Ҷоиза барои бозии софдилонаи футбол» ва гайра эълон карда мешаванд.                    Дар фарҷоми маросим ба ғолибон 18 ҷоиза супурда хоҳад шуд. 

Ноябрь 20, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад