АМАЛИЁТИ НАХУСТИНИ ИВАЗ НАМУДАНИ ГУРДА
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои гурдаи Вазорати тандурустӣ дар арафаи ҷашни 15-солагии Бахтномаи миллат — рӯзи 5 ноябр бори аввал дар таърихи кишвар аз тарафи мутахассисони тоҷик амалиёти иваз намудани гурда бомуваффақият гузаронида шуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вазъи саломатии бемор сокини 22 солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Ҳабибулло Каралиев айни ҳол хуб мебошад.Бояд зикр намуд, ки Вазорати тандурустӣ дар доираи омодагирӣ ба амалӣ намудани чунин ҷарроҳии мураккаб, бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат аз оғози соли равон тамоми таҷҳизоти замонавии ташхисиву табобатиро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ворид намуда буд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






