ДАР ТОҶИКИСТОН РОҲҲО ПУЛАКӢ МЕШАВАНД

Ноябрь 4, 2009 11:44

               Душанбе, 4 ноябр, (АМИТ «Ховар» Наргис Бояаҳмедова) – Имрӯз дар Душанбе семинар дар мавзӯи «Сиёсати давлат ва дурнамои рушди роҳҳо дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар семинар ҳамчунин масъалаҳои савдо ва роҳҳои нақлиётӣ, рушди сохтори роҳҳои пулакӣ дар Ҷопон ва дигар давлатҳо, таҷрибаи Чин дар соҳаи роҳҳои пулакӣ баррасӣ хоҳанд шуд.               Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин чорабинӣ бо ташаббуси вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Рушди Осиё ва агентии Ҷопон оид ба рушди байналмиллалӣ — (JICA), баргузор карда мешавад.                Дар конфронс вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев, намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро, ваколатдори муваққатии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма ва дигар мутахассисон иштирок мекунанд.

Ноябрь 4, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид