ДАЪВАТИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 20, 2009 14:39

                 Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аз 16 то 18 ноябри соли равон дар Душанбе конфронси минтақавии мусоидат ва ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи безарар гардондани минаҳо баргузор гардид. Ташкилкунандагони конфронси мазкур вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии эҳтимоди Ҷумҳурии Словения мебошанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронс вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров сухан кард. Вай изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори аз мина тоза кардани тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин ҳамаи малактҳои минтақа даъват карда мешаванд, ки ба муоҳидаи Оттава дар бораи истифода набурдан ва безарар гардонидани минаҳои зидди пиёдагардон ҳамроҳ шаванд.                     Б.Худоёров зикр кард, ки проблемаи минаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Мувофиқи муоҳидаи Оттава қаламрави ҷумҳурӣ бояд то 1 апрели соли 2010 аз мина пурра тоза карда шавад. Вале иҷрои нақшаи мазкур бо сабаби нарасидани маблағ, мутахассисони безарар гардондани минаҳо ва воситаҳои механикӣ дар мӯҳлати муқаррашуда имконнопазир мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мӯҳлати безарар гардондани минаҳо 9 соли дигар дароз карда шавад. Ин масъала дар конфронси ояндаи наздик дар Колумбия баргузоршаванда муҳокима карда мешавад.                    Вазири адлияи ҷумҳурӣ дар бораи проблемаи аз мина тоза кардани минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан ронда, зикр кард, ки ин ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарари хеле калон мерасонад. Баъди соли 1999 бар асари таркиши минаҳо 74 нафар ҳалок ва 161 нафар маҷрӯҳ шуд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирокдори ҳуҷҷатҳои байналхалқии эҳтироми ҳуқуқи инсон ва узви созмонҳои мӯътабари минтақавию байналхалқӣ мебошад. Бинобар ин ин мамлакат бояд дар ҳалли проблемаи безарар гардондани минаҳо дар минтақаи сарҳад саҳми худро гузорад.                     Б.Худоёров пешниҳод кард, ки дар Осиёи Марказӣ муассисаи махсуси ҳамоҳангсози тадбирҳои безарар гардондани мина таъсис дода шавад. Ин имкон хоҳад дод, ки тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз хавфи фалокатбори минаҳо пурра тоза карда шавад, гуфт вазири адлияи Тоҷикистон.

Ноябрь 20, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад