ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

Ноябрь 13, 2009 15:58

                  Душанбе, 13 ноября. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 13 ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи миссияи тиҷоратии ҳавасмандии сармоя дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Форуми сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.                    Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов зимни баромадаш қайд намуд, ки имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 20 ширкати сармоягузори Чин фаъолият мекунад. Аз ҷумла, ширкатҳои мобилии «ТК-Мобайл», «Индиго Сомонком», ширкати роҳсозии «Чайн Роуд», Корхонаи муштараки ҶДММ «Зарафшон-Панҷакент» ва амсоли инҳо, ки аз рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳарду кишвар шаҳодат медиҳанд. «Бояд махсус таъқид намоям, ки дар давоми соли 2008 гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нишонаи самараи кӯшишҳои пайвастаи сарони ҳарду кишвари ба ҳам дӯст мебошад. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни кишварҳои мо 459,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард, ки ин ҳам бевосита таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ аст», — тазаккур дод Д. Саидов.                  Инчунин раиси Асотсиатсия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникии байни Чин ва Аврупо Сюй Бинтсзинем сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чинро баланд арзёбӣ карда, зикр намуд, ки Ҳукумати Чин аз сатҳи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон қаноатманд буда, ҷиҳати паст кардани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба кишварҳои узви СҲШ 10 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст, ки Тоҷикистон низ метавонад бо пешниҳоди лоиҳаҳои инфраструктуравӣ аз ин маблағ ҳамчун қарзи имтиёзнок истифода барад.                   Дар доираи форуми мазкур муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқотҳои алоҳидаи соҳибкорони Тоҷикистону Чин доир гардид.  

Ноябрь 13, 2009 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад